Аз террори Бурҳонуддин Раббонӣ ду сол гузашт
Аз террори Бурҳониддин Раббонӣ, раисиҷумҳури пешини Афғонистон ва раҳбари Шӯрои олии сулҳи ин кишвар, ду сол гузашт. Устод Раббонӣ рӯзи 20-уми сентябри соли 2011 дар манзили зисташ аз сӯи ду нафаре, ки худро намояндаи Толибон номида, барои гуфтушунид омада буданд, ба қатл расида буд.
Ҳарчанд Бурҳонуддин Раббонӣ ду сол боз дар миёни мо нест, вале хотираи ӯ ҳамешагӣ дар дили аксари тоҷикон боқист. Субҳи 20-уми сентябр низ чанде аз корбарони Фейсбук дарҳол дар саҳифаҳои худ акси Устод Раббониро гузошта, аз мадонагӣ ва кумакҳояш барои барқарории субот дар Тоҷикистон ёдоварӣ кардаанд.
Бурҳонуддини Раббонӣ аз тоҷикони сернуфуз дар Афғонистон буд, ки соли 1940 дар Файзободи Бадахшон зода шудааст. Соли 1963 дараҷаи профессори Донишгоҳи Кобулро дар риштаи ҳуқуқи ислом ва фиқҳ ба даст овард, дар риштаи фалсафаи ислом Донишгоҳи Ал-Азҳари Мисрро хатм кардааст. Баъд аз табаддулоти Довудшоҳ дар соли 1973 ба Пешовари Покистон ҳиҷрат намуда, дар набардҳои мусаллаҳонаи ҷанги Афғонистон алайҳи Шӯравӣ дар солҳои 1979-1989 саҳми намоёне дошт.
Вай моҳи майи соли 1992 ба Кобул баргашт ва бар асоси Созишномаи Пешовар раёсати ҳукумати мувақатии Афғонистонро ба дӯш гирифт. Дар декабри соли 1992 президенти Афғонистон интихоб шуд ва ин масъулиятро то декабри соли 2001, ки аз мақоми президентии Афғонистон истефоъ дод, бар дӯш дошт. Аз соли 1996 ба таври расмӣ яке аз пешвоҳои Иттиҳоди Шимол (нерӯҳои муқовиматӣ, ки алайҳи Толибон мубориза мебурданд) буд.
Соли 2010 ба симмати раиси Шӯрои олии сулҳи Афғонистон интихоб шуда ва то дами марг дар ин мақом буд. Ҳоло писараш Салоҳиддин Раббонӣ ба ин симмат баргузида шудааст.