Баҳси “мӯъҷиза”-и табдил шудани як духтар ба писар дар Панҷ
Бархе аз рӯҳониён дар масоҷиди ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон хостори нуқтагузорӣ ба овозаи табдил шудани як духтари 19-сола ба писар дар ин минтақа шудаанд.
Онҳо рухдоди воқеии чунин як “мӯъҷиза”-ро дар Панҷ рад карда, гуфтаанд, тағйири либос ва баъзе сохтакориҳои духтари 19-сола боиси чунин сарусадоҳо шудааст. Як масъули Идораи умури дохилии ноҳияи Панҷ низ дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, “дар ин бора дар миёни мардуми Панҷ овоза паҳн гардидааст, аммо мақомот маълум намуданд, ки ин овоза асос надорад”.
Анвар Тағоймуродов, сардори Раёсати умури дохилии вилояти Хатлон ҳам бо баргузории ҷаласае ин мавзӯъро ба баҳс кашида ва гуфтааст, ҳарчанд иддае барои “зиёрат”-и писар рафтаву пул медиҳанд, аммо дар асл чунин “мӯъҷиза” нашудааст. Ба қавли ӯ, маъмурони пулис бо худи духтар дар ин замина суҳбат карда, маълум намудаанд, сохтакории ӯ дар Шаби Қадр духтарро ба як “писар” табдил дода ва боиси таваҷҷуҳи сокинон шудааст.
Мақомот мегӯянд, ҳоло тафтиши ин қазия идома дорад ва то анҷоми он номи духтару хонаводааш ва маҳалли зисти онҳо пинҳон дошта мешавад.
Ахиран овозаи табдили духтари 19-сола ба писар дар хоҷагии Малинкови ноҳияи Панҷ паҳн гардид, ки ин ҳодиса садҳо сокини ин минтақаро ба ҳайрат гузошт. Чанде аз сокинони Панҷ бо “Озодагон” тамос гирифтаву гуфтанд, ин ҳодиса ҳанӯз ду моҳи қабл, дар Шаби Қадр, иттифоқ уфтода, вале ин духтар аз шарм то ҳоло худро пинҳон медоштааст.