ҲНИТ Кумита, ТВТ, "Сафина" ва "Ҷаҳоннамо"-ро ба додгоҳ кашид
Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Кумитаи радио ва телевизиони назди ҳукуматро ба додгоҳ кашида, узрхоҳияшро тақозо намудааст. Ин ҳизб рӯзи 19-уми сентябр ба ин мазмун ба додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт аризаи шикоятӣ навиштааст.
Дар номаи мазкур Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон ба унвони ҷавобгар ва шабакаҳои телевизионии “Сафина”, “Шабакаи аввал” ва “Ҷаҳоннамо” ҳамҷавобгар дониста шудаанд. ҲНИТ ин ниҳодҳоро барои “фаъолияти сиёҳкунанда” ба додгоҳ кашида, талаб намудааст, то ба барномаҳои “ташвиқоту тарғибот нисбати ҲНИТ” хотима бахшад. Масъулони ҲНИТ аз барномаҳои зиддинаҳзатӣ шикоят карда, гуфтаанд, “вақтҳои охир бо наздик шудани маъракаи интихоботии президенти Тоҷикистон аз тарафи мақомоти мазкури телевизион ва радиои давлатӣ ташвиқу тарғиботи зидди ҲНИТ ба роҳ монда шудааст, ки ин рафтор ва кирдори онҳо бар хилофи талаботи моддаи 26 ва 28-и Сарқонун мебошад.”
ҲНИТ бо таваҷҷуҳ ба моддаҳои 30-и Қонуни асосӣ, Қонун "Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ”, Қонун “Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва Қонун “Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма” аз додгоҳ ду хоҳиш кардааст. Якум ин ки пахши чунин барномаҳо қатъ ва дувум ҷавобгарҳо расман аз ин ҳизби мухолифи кишвар узр пурсанд.
Чанде пештар аз ин, ҲНИТ бо муроҷиати расмие аз худи Кумитаи радио ва телевизион дархост намуда буд, то дар баробари иттиҳому маъракаи таблиғотӣ алайҳи наҳзат барои намояндагони ҳизб низ минбар диҳад. Аммо дар посухи Кумитаи радио ва телевизион ба номи Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҲНИТ, ки рӯзи 5-уми август ва зери имзои Саидалӣ Сиддиқов, муовини аввали Асадулло Раҳмонов, раиси ин кумита, ирсол шуда буд, аз ҷумла гуфта мешавад, “шабакаҳои телевизионӣ ба ҳеч ваҷҳ ба пахши иттилои беасос ва таҳқиру туҳмат нисбати ҲНИТ роҳ надодаанд”. Кумита зикр мекунад, агар ҲНИТ гузоришҳои ахир аз ҷамъомадҳо бо иштироки уламо дар навоҳии кишварро дар назар дорад, “дар он ҷо иштирокчиён тибқи ҳуқуқи конститутсиониашон, назари шахсии худро баён намудаанд ва шабакаҳои телевизиону радио тибқи уҳдадориҳои оинномавии худ ба тамошобинону шунавандагонаш аз он иттилоъ додаанд.”
Барномаҳое алайҳи Ҳизби наҳзати исломӣ баъд аз мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар рӯзи чоруми июл бо бархе аз рӯҳониёни кишвар пайдо шуданд. Дар ин мулоқот баъзе аз рӯҳониён вуҷуди ҳизб дар дини мубини Исломро рад карда, хостори ҳазфи калимаи Ислом аз номи ҲНИТ гардиданд.