Як додгоҳ дар Русия тарҷумаи Қуръонро “экстримистӣ” хонд
Тарҷумаи китоби муқаддаси Қуръон барои бори нахуст аз тарафи яке аз додгоҳҳои Русия адабиёти “экстремистӣ” хонда шудааст. Додгоҳи шаҳри Новороссийски Русия гуфтааст, китоби тарҷумаи Қуръон бо забони русӣ “Смысловой перевод священного Корана на русский язык” адабиёти “экстремистӣ” буда, хондани он мамнуъст.
Ин додгоҳ мегӯяд, бар асоси тадқикоти Маркази тафтишотӣ-ҷиноятии Раёсати умури дохилии шаҳри Крайи Краснодари Русия дар ин китоб бархе муҳтавои дорои хусусияти экстремистӣ ба назар мерасад.
Ба гуфтаи ин маркази тафтишотии Русия, гӯиё дар бархе аз сатрҳои китоби “Смысловой перевод священного Корана на русский язык” ба ашхос ва чеҳраҳои пайрави ғайри дини Ислом ба таври манфӣ баҳо дода шудааст. Баъд аз эълони ҳукми додгоҳ нусхаи он ба Вазорати адлияи Русия фиристода мешавад, то номи ин китоб дар радифи адабиёти экстремистӣ қарор дода шавад.