Ҳамла ба маҳалли маргталабон
Бино ба иттилои расонаҳо дар шаҳри Кобул амалиёти Раёсати амнияти миллии Афғонистон ҷиҳати маҳв сохтани гуруҳи маргталабон анҷом ёфтааст.
Гуфта мешавад, ин гуруҳи маргталабон тасмим доштаанд, дар маросиме бахшида ба ёдбуди Бурҳониддин Раббонӣ, раҳбари Шӯрои олии сулҳи давлати исломӣ чанд амали терорӣ анҷом диҳанд. Дар ҷараёни амалиёт се ҷангӣ кушта шудааст: яке худро мунфаҷир сохта, ду тани дигар аз тири кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба ҳалокат расидаанд. Ҳамчунин, як ҷангӣ боздошт шудааст.
Муҳаммаддовуд Амин, муовини раҳбари пулиси Кобул ба хабарнигорон гуфтааст, ки бар асари задухурд чанд корманди пулис ҷароҳат бардоштаанд.
Бурҳониддин Раббонӣ ду сол қабл аз дасти як маргталаби худкуш ҷон супурд.