23 соли зиндон барои “Кузя”, дӯстписари собиқи Фарзонаи Хуршед
Додгоҳи олии Тоҷикистон Фаррух Рӯзиев, мулаққаб ба “Кузя”-ро, ки дар гузашта дӯстписари собиқи Фарзонаи Хуршед, овозхони ҷавони тоҷик, муаррифӣ мешуд, барои 23 сол равонаи зиндон кардааст.
Як манбаъ аз Додгоҳи олӣ гуфт, мурофиаи Фаррух Рӯзиев 16-уми июли соли ҷорӣ шурӯъ гардида, то оғози моҳи сентябр идома ёфтааст. Ба қавли манбаъ, раҳбарии парвандаро додрас Аҳтам Акрамов бар ӯҳда дошта, Фаррух Рӯзиев ба куштор, авбошӣ ва ташкили гуруҳи ҷиноӣ айбдор шудааст.
Фаррух Рӯзиев тобистони соли гузашта ба гумони қатли як сокини шаҳри Душанбе мавриди ҷустуҷӯ қарор гирифта, аз сӯи маъмурони пулиси Сино-2 боздошт гардид. Вай ҳамагӣ соли 2011 бар асоси Қонуни афв аз зиндон берун омада буд.
Фаррух Рӯзиев, мулаққаб ба “Кузя”, дар соли 2009 бо иттиҳоми қаллобӣ ба мӯҳлати 10 сол равонаи зиндон гардида буд. Фарзонаи Хуршед, ки номзади ӯ муаррифӣ мегардид, ҳамон сол талош кард, то ӯро аз мурофиаи додгоҳӣ гурезонад, ки дар натиҷа ҳарду боздошт ва худи Фарзона низ барои бештар аз ду сол зиндонӣ шуд.