Гуруснанишинии “Қорӣ” ва рӯзи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд
Садриддин Тошев, маҳбуси зиндони Хуҷанд, ки яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода, сокини ҷавони Ҳисор, дониста мешавад, барои се рӯз даст ба гуруснанишинӣ задааст.
Оқои Тошев ин тасмими худро дар додгоҳи Хуҷанд эълон кард, ки рӯзи 19-уми сентябр баррасии парвандаи ӯ ва Суннатулло Ризоев, як маҳбуси дигари Хуҷандро аз сар гирифт. Мақомот Садриддин Тошев ва Суннатулло Ризоевро дар паҳн намудани иттилои бардурӯғ дар мавриди шиканҷа дар зиндонҳо муттаҳам мекунанд.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев, гуфт, нафари таҳти ҳимояташ се рӯз гуруснанишинӣ карда, 21-уми сентябрро Рӯзи шиканҷа дар маҳбасхонаҳои кишвар унвон кардааст: “Аз имрӯз сар карда Садриддин Тошев ба хотири марги Икромзода эълом кард, ки се рӯз гуруснанишинӣ мекунад ва санаи 21-уми сентябрро рӯзи шиканҷа ва маргу мири маҳбусон дар зиндонҳои Тоҷикистон эълон кард.”
Тошев ва Ризоев тирамоҳи соли гузашта, дар пайи марги Ҳамза Икромзода дар зиндони рақами аввали Душанбе, ҳамроҳ бо маҳбусони дигар ба маҳбаси Хуҷанд интиқол ёфтанд ва айни ҳол барои пахши ахбори бардурӯғ дар бораи шиканҷа дар зиндони Хуҷанд муттаҳам мешаванд. Садриддин Тошев мулаққаб ба "Қорӣ" дар даврони ҷанги дохилӣ яке аз фармондеҳони нерӯҳои мухолифин дар ҷабҳаи Обигарм маҳсуб мешуд.
Вай пас аз имзои қарордоди сулҳ як муддат ба зиндагии мулкӣ машғул буд, аммо дар соли 2001 бо ҷурми гаравгонгириву терроризм ва ҳамкорӣ бо гуруҳҳои Маҳмуд Худойбердиев ва Намоз Қурбоналиев - фармондеҳи дигари мухолифин ба 25 соли зиндон маҳкум шуд.Дар акс: Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Садриддин Тошев