Масъули Бонки Ҷаҳонӣ дар бораи ташхиси фаннии "Роғун"
Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, марҳилаи аввали ташхиси фаннӣ ё техникии тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун, охири моҳи сентябри соли ҷорӣ мунташир хоҳад шуд.
Ин ҳарфҳоро Сароҷ Кумар Ҷа, директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ, рӯзи 19-уми сентябр дар сӯҳбат бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, баён доштааст. Вай гуфта, ки баъдан, дар моҳи октябр, ин қисмати ташхиси онҳо “дар ҷаласаи машваратии намояндагони масъули ҳамаи кишварҳои манфиатдори минтақа бо иштироки коршиносони мустақил мавриди муҳокимаи ошкоро қарор мегирад”.
Сароҷ Кумар Ҷа ва Эмомалӣ Раҳмон изҳори боварӣ кардаанд, ташхиси фанниву иқтисодӣ ва муҳити зистии тарҳи нерӯгоҳи Роғун, ки сохтмонаш бо мухолифати кишварҳои ҳамсоя, бахусус Узбакистон рӯбарӯ шудааст, “шаффофу воқеъбинона ва бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа” анҷом мегирад.
Тоҷикистон тақрибан чаҳор соли пеш кор дар маҳалли сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғунро оғоз кард. Аммо баъдан дар пайи мухолифатҳои шадиди Тошканд маҷбур шуд, таблиғот дар бораи сохтмони Роғунро кам карда, барои арзёбии фанниву иқтисодии он аз сӯи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ ризо шавад.
Тошканд мегӯяд, дар пайи сохтмони ин нерӯгоҳи азим Душанбе контроли оби минтақаро ба даст гирифта, кишварҳои поёноберо назири Узбакистон ташналаб хоҳад гузошт. Узбакистон ба ин маънӣ, Роғунро як навъ тарҳи сиёсӣ медонад ва борҳо алайҳи зиёни он барои солҳои оянда овоз баланд кардааст. Аммо Тоҷикистон ин иддаоро беасос хонда ва сохтмони Роғунро як тарҳи иқтисодӣ медонад, ки метавонад Тоҷикистон аз камбуди энержӣ раҳо кунад.
Дар ин сӯҳбати раисиҷумҳури Тоҷикистон бо директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчунин татбиқи лоиҳаи CASA-1000, ки кашидани хатти барқии 500-киловолта аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистонро дар назар дорад, баррасӣ шудааст.