Додситонӣ моҷарои 2,5 кило ҳероинро “омӯхт”, вале намегӯяд, писари Қоимдодов даст дорад, ё не
Додситонии нақлиёти Тоҷикистон тафтиши қазияи боздошти 2,5 кило ҳероин дар фурудгоҳи Душанберо, ки рӯзи 16-уми сентябр иттифоқ уфтода ва пойи Қоимдод Қоимдодов, писари Қозидавлат Қоимдодов, дар миён кашида мешуд, ба поён расондааст.
Саъдулло Қаюмов, як масъули Додситонии нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи 19-уми сентябр ба “Озодагон” гуфт, шахсияти гумонбарони қочоқи ин миқдор ҳероин дақиқ шуда, аммо ҳаққи ифшои номи онҳоро надоранд. Вай гуфт, парванда пас аз анҷомаш ба Додситонии кулл ирсол шуда, ҳаққи ошкор намудани натиҷаи тафтишот ба уҳдаи онҳост. Аммо талоши мо барои дарёфти иттилое аз Додситонии кулл то ин лаҳза бенатиҷа буд. Мақомоти Додситонии кулл ё аз тафтиши чунин қазия бехабарӣ мекарданд ва ё ифшои онро ба дӯши раёсатҳои мухталиф мегузоштанд.
Ин дар ҳолест, ки Нурулло Шарифов, як масъули дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, мегӯяд, бо гузашти се рӯз ҳанӯз тафтиши боздошти 2,5 кило ҳероин ва даст доштан ё надоштани писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус, ба анҷом нарасондааст. “Аз Додситонии нақлиёт ба мо ваъда доданд, ки имрӯз (19 сентябр) то бегоҳ расман маълумоти боздоштшудагон дар интиқоли маводи мухаддирро мефиристанд”,- гуфт ӯ.
Рӯзи душанбеи 16-уми сентябр як масъули гумрук дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар дод, ки Қоимдод Қоимдодов, писари Қозидавлат Қоимдодов, сафири Тоҷикистон дар Беларус дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шудааст. Ба қавли манбаъ, Қоимдодов дар ҳоле боздошт шуда, ки талош доштааст, тариқи хатсайри Душанбе-Маскав дуним кило ҳероинро интиқол бидиҳад.
Қозидавлат Қоимдодов аз моҳи октябри соли 2009 сафири Тоҷикистон дар Беларус мебошад. Дар соли 1992 муоивни раиси Шӯрои олии Тоҷикистон ва аз соли 1995 то 2000 вакили парлумон буд. Вай ба ҳайси ноиби нахуствазир ва ҳамоҳангсози барномаҳои Бунёди Оғохон дар Тоҷикистон ва сафири кишвар дар Туркманистон низ кор кардааст.