Ба гуфти сардори раёсат, дар давраи сипаригашта аз тарафи мутахассисони шӯъбаи назорати давлатии молиявӣ дар 101 адад ташкилоту корхонаҳои вилояти Суғд тафтишу санҷишҳо гузаронида шудааст, ки дар натиҷа ба маблағи 14 миллиону 768 ҳазор сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор карда шуд. Дар маҷмӯъ, миқдори зарарҳои молиявии дар натиҷаи санҷишҳои молиявӣ ва ҷиноятҳои ошкоршуда 25 млн. 382 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, ки аз он 11 млн. 663 ҳазораш барқарор гардидааст.
«Аз руи ҷиноятҳои ошкоргардида парвандаҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои азхудкунӣ ё исрофкорӣ, қаллобӣ, ришвадиҳии тиҷоратӣ, қочоқ, саркашӣ аз супоридани андозҳо, сӯйиситифода аз ваколатҳои мансабӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ, гирифтан ва додани пора, сохтакории хизматӣ, гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯӣ тибқи моддаҳои марбутаи КҶ ҶТ оғоз карда шудаанд, афзуд Ҳусейн Ақилов.{jathumbnail off}