Бозор Собир гуфтааст, то охири ноябр бо касе “гап намезанад”
Бозор Собир, шоири шинохтаи тоҷик, ки пас аз 19 соли ғурбат ба Ватан бозгашта ва дар остонаи ҷашни Истиқлол ордени “Ситораи президент” гирифт, эълон карда, ки то анҷоми моҳи ноябри соли ҷорӣ бо хабарнигорон суҳбат намекунад.
Дар ин бора ба “Озодагон” Низом Қосим, яке аз дӯстони наздики Бозор Собир хабар дод ва гуфт, дар ин муддат шоири тоҷик ба эҷоди ашъори тозаву табобат машғул мешавад. “Устод гуфтанд, ки то моҳи ноябр бояд табобат гиранд ва китоби навашонро ба анҷом расонанд. Ба наздикӣ аз телевизионҳои давлатӣ низ хоҳиши суҳбат кардан бо Устодро доштанд, вале ба онҳо низ иҷозаи суҳбат карданро надод”,-афзуд Низом Қосим.
Бозор Собир, шоири маъруфи тоҷик, ки тақрибан 16 соли охир дар Амрико зистааст, 27-уми майи соли ҷорӣ барои иқомати доимӣ ба Тоҷикистон бозгашт. Ӯ, ки дар охири солҳои ҳаштоду аввали солҳои навадуми асри гузашта дар саргаҳи ҳаракати озодихоҳиву истиқлолхоҳӣ буд, дар даврони даргириҳои дохилӣ ва баъд аз чанд муддати зиндон Тоҷикистонро тарк карда, аввал дар Маскав ва баъдан дар Амрико зиндагӣ ихтиёр намуд.
Бозгашти ӯ дар остонаи интихоботи президентӣ ва баҳсҳо дар мавриди маҳдуд кардани фаъолияти Ҳизби наҳзати исломӣ бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд. Вале худи ӯ гуфт, бозгашташ ба интихобот ҳеч рабте надорад ва танҳо даъвати раисиҷумҳурро барои бозгашт пазируфтаасту тамом.
Ба ҳар ҳол, баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон Бозор Собир мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифта, раисиҷумҳур шахсан ӯро ба ҳузур пазируфт ва суҳбате анҷом дод. Дар пайи ин дидор, мақомоти Душанбе барои Бозор Собир дар маҳаллаи Қарияи Болои Душанбе як манзил ҳадя карданд. Телевизионҳои давлатии Тоҷикистон ҳам, ки тӯли тақрибан бист сол аз овардани номи Бозор Собир худдорӣ мекарданд, якбора ба таблиғ ва намоиши ӯву таронаҳояш пардохтанд. Ахиран дар хиёбонҳои Душанбе низ шиорҳое бо истифода аз шеъри “Забони модарӣ”-и Бозор Собир ва номи ӯ пайдо шудааст.