Мирзохӯҷа Аҳмадов то ҳол ба иҷрои "вазифа"-аш оғоз накардааст
Мирзохӯҷа Аҳмадов, фармондеҳи пешини Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ), то ҳол ба ҳайси мутахассиси пешбари яке аз раёсатҳои ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт ба кор оғоз накардааст. Оқои Аҳмадов рӯзи 19-уми сентябр дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, то кунун аз Вазорати дифоъ низ ӯро даъват накардаву моҳияти корашро нафаҳмондаанд ва нагуфтаанд, ки аз кай корашро оғоз бикунад.
Мирзохӯҷа Аҳмадов гуфт, вай дар ҳоли ҳозир бештар машғули корҳои хоҷагидорист. Дар оғози моҳи сентябри соли ҷорӣ мақомоти Взаорати дифоъ эълон карданд, ки Мирзохӯҷа Аҳмадов мутахассиси пешбари яке аз раёсатҳои ситоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи Рашт таъин шудааст. Худи Аҳмадов ҳам гуфта буд, ки мақомот дар ин бора бо ӯ маслиҳат доштанд ва ӯ ҳам ризоияташро дода будааст.
Номи Мирзохӯҷа Аҳмадов, яке аз фармондеҳони пешини ИНОТ, панҷ сол боз дар матбуоти дохилу хориҷ чарх мезанад. Соли 2008 мақомоти Тоҷикистон ӯву ёронашро дар қатли Олег Захарченко, муовини фармондеҳи ОМОН, муттаҳам дониста буданд.
Баъдан, дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ алайҳи мухолифони мусаллаҳ дар Рашт, ки аз моҳи августи 2010 то майи 2011 идома кард, оқои Аҳмадов дар пинҳон кардани Мулло Абдулло, ҳимоят аз Алии Бедакӣ ва ҳамла ба корвони мошинҳои Вазорати дифоъ муттаҳам мешуд. Ҳатто дар як барномаи телевизонӣ мақомот ӯро ҳамчун террорист муаррифӣ карда буданд. Аммо баъд аз як гуфтушунид бо мақомоти давлатӣ, Мирзохӯҷа Аҳмадов мақомотро мӯътақид кард, ки дар ин ҷурмҳо даст надорад ва омодааст барои муқобила бо мухолифони мусаллаҳ ба ҳукумат кумак кунад.
Акс аз блоги Эраҷи Амон, хабарнигори тоҷик