Назари коршинос дар бораи шонси 4 номзад ба мақоми президентӣ
Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари умури сиёсӣ, мегӯяд, аз чаҳор номзад ба мақоми президентӣ, ки то ҳоло аз ҷониби аҳзоб пешниҳод шудаанд, Ойниҳол Бобоназарова шонси бештаре дорад. Вале ба қавли ӯ, мақомот бо эҷоди мушкил монеи пешрафтҳояш хоҳанд шуд.
Рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби аграрӣ, Ҳизби демократӣ ва 18-уми сентябр Ҳизби сотсиалистӣ анҷумани пешазинтихоботии худро баргузор ва номзадҳои худро дақиқ карданд. Вакилони ҲНИТ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро аз тарафи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ ҷонибдорӣ карда, аз тарафи ҲАТ Толиббек Бухориев, аз тарафи ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов ва аз тарафи ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров барои ба даст овардани курсии президентӣ вориди сабқат шуданд.
Оқои Муллоҷонов мегӯяд, номзади аграриҳо, демократҳо ва сотсиалистҳо дар ин интихобот чандон бо мушкили ҷиддӣ рӯбарӯ нахоҳанд омад. Чун ба гуфтаи ӯ, “ин ҳизбҳо дар ҳолатҳои вазнин барои ҳукумат хидмат мекунанд. Барои ин ҳизбҳо мушкилоте ба монанди ҷамъ кардани имзо пеш нахоҳад омад. Барои мисол, мақомоти маҳаллӣ ин корро ба ҷойи аграриҳо анҷом медиҳанд. Барои номзади ҲДТ ҳам баъзе имконият вуҷуд дорад. Мушкилоти ҷиддӣ барои номзадии хонум Бобоназарова эҷод хоҳад шуд.”
Ба қавли Муллоҷонов, тафовути ин интихоботи президентӣ аз интихоботи қаблӣ дар он хоҳад буд, ки то ба имрӯз коршиносон дақиқ намедонанд, кадом номзад чӣ қадар овоз мегирад. “Дар интихоботи дигар мо 5-6 моҳ қабл медонистем, ки номзад кӣ аст, чӣ қадар овоз мегирад ва ҳукумат чӣ қадари онро ихтисос медиҳад. Аммо бо пешниҳоди Бобоназарова метавон гуфт, ки як интригае дар интихобот пайдо шуд. Албатта, маълум аст, ки пирӯзӣ ба номзади ҳизби ҳоким аст. Вале саволҳои зиёде атрофи миқдори овоз ба вуҷуд хоҳад омад”,-изҳор дошт Парвиз Муллоҷонов.
Интихоботи президентии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябри соли ҷорӣ баргузор хоҳад шуд. То кунун ба ин мақом чаҳор номзад пешниҳод шуда, аҳзоби дигар гуфтаанд, номзадҳои худро то 4-уми октябр дақиқ хоҳанд кард.