Соати 08:16-и имрӯз дар Душанбе замин ҷунбид
Тибқи иттилои маркази зилзилашиносии Тоҷикистон, субҳи имрӯз дар қаламрави Афғонистону Тоҷикистон такони замин ба қайд гирифта шуд.
Бино ба гуфти Мусо Яҳёев, муовини директори маркази геофизикии ҷумҳурӣ маркази асосии зилзила дар 255 километрии ҷанубу шарқи пойтахти Тоҷикистон дар Афғонистон мавқеъ дошта, шиддати он аз рӯи ҷадвали Рихтер 3 балро ташкил дод. Дар Душанбе такони замин ба 2 бал баробар буда, хисороти моливу ҷонӣ ба қайд нарасидааст.{jathumbnail off}