Зоиров: “Бо Ойниҳол Бобоназарова ҳастем ва пас намегардем!”
Раҳматилло Зоиров, раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), мегӯяд, онҳо аз пуштибонии Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи ислоҳотхоҳон даст нахоҳанд кашид.
Ӯ рӯзи 18-уми сентябр дар сӯҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар ин шабу рӯз гуруҳе бо овозапароканӣ мехоҳанд муносиботи аъзои ҳизби ӯ бо наҳзатиҳоро сард созанд, ки беҳуда аст. “Мо ин гуна имкониятро барои онҳо намедиҳем. Онҳо зиёд талош доранд, то ба ин васила миёни ҲНИТ ва ҲСДТ тафриқа андозанд. Сару садо мебароранд, ки гӯиё Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ аз байн меравад. Аммо ин гуна нест. ҲСДТ то ба охир бо ИНИТ боқӣ хоҳад монд”,-изҳор дошт Раҳматилло Зоиров.
Раҳбари сотсиал-демократҳо дар идома гуфт, сару садоҳое ҳам пайдо шудаанд, ки гӯиё ҲСДТ бо номзади худ вориди корзори интихобот мешавад: “Ин асос надорад, чунки имконият намедиҳанд, то номзади мо ба қайд гирифта шавад.” Оқои Зоиров афзуд, ҲНИТ ва ҲСДТ на танҳо барои манфиати худ, балки барои манфиати ҷомеа тасмими худро гирифтаанд.
Сотсиал-демократҳои Тоҷикистон рӯзи 21-уми сентябри соли ҷорӣ Анҷумани пешазинтихоботии худро баргузор ва вакилони он шеваи иштироки ҳизб дар интихоботро мушаххас хоҳанд кард. ҲСДТ ва ҲНИТ, аз муассисони Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳанд, ки дар якҷоягӣ номзадии Ойниҳол Бобоназароваро ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардаанд.