Ҷавоби радди Шоҳи Саудӣ ба номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон
Шоҳи Арабистонӣ Саудӣ ба номаи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар мавриди зиёд кардани квотаи ҳаҷ барои зоирини тоҷик посухи манфӣ додааст.
Мавлон Мухторов, муовини раиси Кумитаи дини Тоҷикистон, дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, мо интизор доштем, имсол шумораи зоирони тоҷик беш аз 6 ҳазор шавад, вале Арабистони Саудӣ дархости моро рад кард.
Ба гуфтаи Мухторов, ҳоло дар маросими “Ҳаҷ-2013” ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ширкат мекунанд: “Ҳамаи онҳое, ки барои иштирок дар ин маросим пул супоридаанду тараддуди зиёрати хонаи Худоро доранд, бе ягон мамониат ба Арабистони Саудӣ парвоз хоҳанд кард.”
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли як номаи расмӣ аз шоҳи Арабистонӣ Саудӣ хоста буд, теъдоди квотаро барои ҳоҷиёни тоҷик афзоиш диҳад. Нахустин гуруҳи зоирони тоҷик рӯзи 21-уми сентябр барои зиёрати Хонаи Худо ба Арабистони Саудӣ сафар мекунанд.
Ҳаҷ аз ҷумлаи аркони панҷгонаи дини мубини Ислом аст, ки барои ҳар мусалмони ба балоғатрасида ва тавоно фарз мебошад. Ҳамасола аз Тоҷикистон ҳудуди шаш ҳазор барои зиёрати Хонаи Худо ба Макка мераванд.
Мақомоти тоҷик мегӯянд, пардохти маблағи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомониро ташкил медиҳад ва ба ин хизматрасониҳо пули чипта ё билети ҳавопаймо (рафту бозгашт), маблағи авоид, иҷораи меҳмонхона дар шаҳрҳои Маккаву Мадина, се бор ғизо дар як рӯз, хидмати роҳбаладон, кумаки аввалияи тиббӣ, эмгузаронӣ зидди касалиҳои сирояткунанда, ҷузвдон, либос ва ғайраҳо шомиланд.