Овозаи табдил шудани як духтари 19-сола ба писар дар Панҷ
Овозаи табдили як духтари 19-сола ба писар дар хоҷагии Малинкови ноҳияи Панҷ садҳо сокини ин минтақаро ба ҳайрат гузоштааст. Чанде аз сокинони Панҷ бо “Озодагон” тамос гирифтаву гуфтанд, ин ҳодиса ҳанӯз ду моҳи қабл, дар шаби Қадр, иттифоқ уфтода, вале ин духтар аз шарм то ҳоло худро пинҳон медоштааст.
Муҳаммаднабӣ Баёнов, як сокини ноҳияи Панҷ, ки аз ин ҳодиса огоҳ аст, ба “Озодагон” гуфт, ҳоло нафарони зиёде ба дидани ӯ мераванд.
Мусоҳиби мо илова намуд, рӯзи 18-уми сентябр бо иштироки баъзе рӯҳониён дар хонаи ин духтар мавлуд баргузор шудааст: “Бовар кунед, ин воқеият аст. Аз беморхонаи ноҳия, Вазорати тандурустӣ, милисаҳои ноҳия, чанд тан аз домуллоҳои номдор омада, диданд ва воқеият будани онро тасдиқ намуданд. Экспертиза ва духтурон тасдиқ кардаанд, ки ӯ писар аст. Рӯҳониён гуфтанд, Худованд чунин қудратро дорад ва дар Қуръони карим ба вуқуъ омадани чунин ҳодиса гуфта шудааст.”
Ба қавли Баёнов, духтаре, ки ба писар табдил ёфтааст, сатр дошта ва намозхону Қуръонхон будааст. Ба қавли ӯ, наздикони ин духтар гуфтаанд вай ҳамеша аз Худованд илтиҷо мекард, ки ӯро ба писар табдил диҳад. Муҳаммаднабӣ Баёнов таъкид намуд, ин духтар дар оилаашон ягона духтар буда, як бародар доштааст, ки ба Русия рафтаву бо ҳамин аз падару модараш худро канор гирифтааст.
Талоши мо барои тасдиқи ин хабар аз сӯи Вазорати тандурстӣ то ҳоло бенатиҷа буд. Аммо бархе аз сокинони Панҷ ин иттилоъро рад карда ва гуфтанд, ин ҳама ҷуз овозае беш нест. Бо ин ҳол, “Озодагон” ҷузъиёти ин сарусадоҳоро пайгирӣ карда, аз натиҷааш хонандагонро огоҳ хоҳад кард.