Миллер гуфт, “Газпром” сармоягузориро афзоиш хоҳад дод
Алексей Миллер, раҳбари ширкати “Газпром”-и Русия, баъд аз мулоқоташ бо президент Эмомалӣ Раҳмон гуфт, ширкаташ барои “корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар Тоҷикистон” сармоягузориро бештар хоҳад кард. Ин мулоқот рӯзи 18-уми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе сурат гирифт.
Дар ин мулоқот гуфта шудааст, ки пармакунӣ дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ба умқи 6 ҳазору 450 метр расида, “кор бояд ба марҳилаи нави омӯзиши захираҳои нафту газ дар ин кон гузарад”. Масъулони ширкати “Газпром” бо такя ба маълумоти пешакӣ ҳаҷми захираҳои газро дар чоҳи Сариқамиш 18 миллиард метри мукааб ва ҳаҷми нафтро 17 миллион тонна арзёбӣ карда буданд.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ аз Алексей Миллер, раҳбари ширкати “Газпром”-и Русия хостааст, корҳои иктишофиро дар Шоҳамбарии Ғарбӣ, Ренгани Рӯдакӣ ва Саргазони Данғара низ вусъат бахшанд.
Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, “изҳори боварӣ карда шуд, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ асоси муҳим барои таҳкими бештари муносиботи стратегӣ ва муттафиқии Тоҷикистону Русия хоҳад буд.” Ҳоло дар Тоҷикистон ба ҷуз аз “Газпром”-и Русия, инчунин, Тетис Петролиуми Бритониё низ машғули корҳои иктишофӣ дар ҷануби кишвар мебошад.