Эрон дар фикри ба кайҳон фиристодани гурбаи форсист
Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон масъалаи ба кайҳон фиристодани гурбаи форсиро баррасӣ мекунад.
Ба кайҳон фиристодани гурба як қисмати барномаи омодагиест, ки парвози инсон ба кайҳонро дар назар дорад. Интизор меравад ин барнома давоми 5-8 соли наздик амалӣ шавад.
Торнамои исломии “Ал-РТВ” бо такя ба иттилои намояндаи Оҷонси кайҳонии ҶИЭ навиштааст, ки қарор аст, парвози ин ҳайвон ба кайҳон 21-уми марти соли 2014 сурат пазирад. Муҳаммад Иброҳим, намояндаи ин оҷонс гуфтааст, ҳоло донишмандон дар пайи интихоб ҳастанд, ки гурба, муш ё заргуш ба кайҳон фиристода шавад.