Дар Туркия нусхаи қадимтарин дастнависи Қуръон ёфт шудааст
Дар масҷиди таърихии шаҳри Бодрум Тепеҷики Туркия як нусхаи қадимтарини китоби муқаддаси мусалмонҳо ёфт шудааст.
Бино ба иттилои расида, ин нусхаи дастнависи Қуръонро имоми масҷид Юксел Килинҷарслон пайдо кардааст. Торнамои “Ал-РТВ” навишта, ки ин дастнавис бештар аз 1200 сол умр дорад.
«Бар асоси гузориш дастнависи ёфтшудаи Қуръони Карим барои санҷиши аввалия ба осорхонаи археологии Бодрум фиристода шудааст”,- гуфтаанд дар Раёсати муфтиёт.