Ҷавоби Тӯраҷонзода ба саволи як хонанда дар бораи "дискоклуб"
Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонҳои Тоҷикистон, рафтан ба марказҳои дилхушӣ (дискоклуб)-ро барои мусулмонон ҳаром хондааст.
Оқои Тӯраҷонзода дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои Turajon.оrg гуфтааст, рафтан ба чунин ҷойҳо (дискоклуб) барои шахси мусалмон агарчи ба мақсади тамошо ҳам бошад, ҳаром аст.
Зеро ба гуфтаи собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон, одатан дар марказҳои дилхушӣ ба амалҳои аз нигоҳи Ислом мамнуъ даст зада мешавад: “Чунин ҷойҳо одатан аз амалҳои ҳаром мисли арақнӯшӣ, рақси духтарону писарон ва ғайра холӣ намебошад.”
Ин дар ҳолест, ки ахиран Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва Рустам Назаров, роҳбари Оҷонсии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон низ аз ҳолатҳои алоҳидаи рафторҳои номатлубу ғайриахлоқии иддае аз ҷавонон дар марказҳои дилхушию фароғатӣ изҳори нигаронӣ карда буданд.
Генерал Назаров гуфта буд, сарусадоҳои зиёд дар мавриди итифодаи маводҳои психотропӣ дар марказҳои дилхушӣ ҳақиқат доранд.