Лигаи қаҳрамонҳо: ССКА-и Маскав шикаст хурд, “Зенит”-и Питер имрӯз бозӣ мекунад
Имрӯз, 18-уми сентябр дар доираи мусобиқаи футболи Лигаи қаҳрамонҳо тими “Зенит”-и Санкт-Петербург бо «Атлетико»-и Мадрид вориди рақобат мешавад.
Дар доираи бозии аввали даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳо тими “Бавария”-и Мюнхен бо ҳисоби 3:0 ССКА-и Маскавро шикаст дод. Давид Алаба, Марио Манҷукич ва Арен Роббен муаллифи голҳоянд.
Ҳисобро Алаба дар дақиқаи чорум боз кард. Дар дақиқаи охири қисмати аввал Манҷукич туби дуюми “Бавария”-ро вориди дарвозаи ҳариф сохт. Дар дақиқаи 68-ум Роббен голи сеюмро ба нишон расонд.
Бозии дигари гуруҳи D миёни «Виктория»-и Чехия ва «Манчестер Сити»-и Англия низ 0:3 поён ёфт.
“Шахтёр”-и Донетск дар меҳмонӣ «Реал Соседад»-и Испанияро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. «Манчестер Юнайтед»-и Англия ба дарвозаи “Байер”-и Олмон 4 туб зад ва танҳо ду гол сар дод. “Реал”-и Мадрид бошад, бо ҳисоби бузурги 6:1 «Галатасарой»-и Туркияро шикаст дод.