Дасти кам 44 ҷангии толиб ба ҳалокат расидааст
Дар пайи як амалиёти вижаи неруҳои Афғонистон дар музофоти Бадахшон дасти кам 44 ҷангии «Толибон» кушта шудааст.
Бино ба иттилои расмии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, маҳаллаи Вардуҷ комилан аз ҷангиён пок шуда, ҳоло зери назорати ҳукумат аст.
Чанд моҳ қабл маҳз дар ҳамин маҳал “Толибон” 16 хизматчии ҳарбии артиши миллии Афғонистонро кушта буданд. Баъди ин ҳодиса чанд маврид амалиёти зидди ҷангиён анҷом шуд, аммо ҳукумат муваффақ нашуд, ки комилан минтақаро зери контроли худ бигирад.
Бисёре аз сокинони Вардуҷ маҷбур шуданд, манзилҳои худро тарк намуда ба ҷойҳои бехатар бираванд.