Намозхонӣ дар масҷидҳои Қазоқистон дар Skype пахш мешавад
Намозхонӣ дар бархе аз масоҷиди Қазоқистон тавассути барномаи Skype мустақиман намоиш дода мешавад.
Расонаҳои қазоқӣ менависанд, то имрӯз дар 13 масҷид, бахусус шаш масҷиди вилояти Атйрауи Қазоқистон ин иқдом ҷорӣ карда шудааст.
Амонат Саъдиев, имом-хатиби масҷиди “Имангалӣ”-и вилояти Атйрау мегӯяд, асосан намозҳои шомгоҳӣ мустақиман пахш шуда, танҳо дар рӯзҳои корӣ анҷом дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, хадамоти ибодатонлайн тавассути чаҳор рӯҳонии машҳури қазоқ, ки таҳсилкардаи донишгоҳҳои исломии Лубнон ва Миср мебошанд, ироа хоҳад шуд.