Кӯлоб: Дар ҳудуди шаҳр ҳамагӣ 2 таваққуфгоҳи нақлиёт мавҷуд аст
Дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ҳамагӣ 2 нуқтаи таваққуфгоҳи нақлиёт, ҳар ду ҳам дар ду тарафи бозори марказӣ расман фаъолият мекунанду бас.
Дар ин бора зимни як нишасти матбуотӣ Эмомалӣ Булбулов, як масъули ҳукумати шаҳр ба журналистон хабар дод. Тибқи иттилоъ, боз 5 нуқтаи дигар ҳуҷҷатгузорӣ гардида, дар ҳолати ба қайдгирӣ будаанд. Ин дар ҳолест, ки дар қаламрави шаҳр даҳҳо адад таваққуфгоҳи нақлиётӣ фаъоланд, вале аз қавли ҷаноби Булбулов, аксари ин нуқтаҳо ғайрирасмӣ фаъолият доштаанд. Аммо саволи беҷавоб барои масъулини шаҳри Кўлоб ин аст, ки кӣ, кай ва дар куҷо аз ин қонуншиканиҳо, ки ҳазорон сомонӣ зарар ба буҷаи маҳаллӣ меорад, пайгирӣ мекарда бошад?{jathumbnail off}