Волидайн ба ҷои фарзандон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд
Прокуратураи ноҳияи Қубодиён Маърифат Маматоваро барои барқасдона монеъ шудан ба таҳсили фарзанди 12-солааш дар мактаби ҳамагонӣ муттаҳам шумурда, мегӯяд, вай моддаи 41-уми Конститутсияи Тоҷикистонро, ки таълими умумии асосиро ҳатмӣ медонад, поймол кардааст.
Ба гуфтаи Қудратулло Ҳақназаров, муфаттиши прокуратураи Қубодиён, алайҳи Маърифат Маматова тибқи моддаи 164-и Кодекси ҷиноятии ҶТ парвандаи ҷиноятӣ кушода шудааст.
Абдулазиз Маматов, писари Маърифат, ки як сол боз аз таҳсил канор мондааст, ба гуфтаи прокуратура, ҳоло аз барномаи таълимӣ ақиб монда, ҳарфу ҳиҷоро дуруст хонда наметавонад.
Худи М. Маматова мегӯяд, азбаски бекор асту шавҳараш дар муҳоҷирати корӣ дар хориҷи кишвар ба сар мебарад, бо кӯмаки писараш рӯзгор пеш мебарад. Аммо вай афзуд, писараш як муддат бемори бистарӣ буда, сабаби аслии ба мактаб нарафтанаш ҳам ҳамин будааст.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ахиран прокуратураи вилояти Хатлон алайҳи волидоне, ки фарзандони ноболиғашонро аз мактабҳои ҳамагонии Тоҷикистон гирифта, ба мадрасаҳои исломии хориҷи кишвар фиристодаанд, панҷ парвандаи ҷиноятӣ кушодааст.
Мушкили аз мактабҳои дунявӣ канор мондани ноболиғон мақомоти ҳукумат ва ниҳодҳои интизомии Хатлонро нигарон кардааст. Ба иттилои мақомоти милиса, танҳо аз ноҳияи сарҳадии Панҷи вилояти Хатлон 80 духтари ноболиғ бо баҳонаи таҳсил ҳоло дар Афғонистон ба сар мебаранд ва аз сарнавишти онҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ изҳори бехабарӣ мекунад.