Хет-трики Умедҷон Шарифов, нимҳимоятгари Вахш, дар 7 дақиқа
Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар бозии ҷавобии даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2013 дастаи “Эсхата”-и Хуҷандро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод ва ба нимфинал роҳ ёфт.
Ин бозӣ рӯзи 17-уми сентябр дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа барпо гардид, ки Комил Қурбонов ин сабқатро доварӣ кард. Ҳарсеи голи ғолибонро нимуҳофизатгари даста -- Умедҷон Шарифов дар ҳафт дақиқа-67 (1:0), 70 (2:0) ва 74 (3:0) ба ҳадаф расонда, хет-трик кард. Аммо дар дақиқаи 81-уми дидор бо гирифтани корти сурх аз майдон берун карда шуд.
Дар бозии аввал низ дастаи “Вахш” дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:2 пирӯз шуда буд.
Дастаи “Вахш”-и Қӯрғонтеппа дар даври нимфинали Ҷоми Тоҷикистон бо ғолиби бозии “Энергетик”-и Душанбе - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ба сабқат мебарояд. Се бозии дигари даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб -- “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, “Энергетик”-и Душанбе -- “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе -- “Истаравшан”-и Истаравшан баргузор мешавад.