Мулло Ҳайдар интихоб нашудани Эмомалӣ Раҳмонро “ҷинояте зидди давлату миллат” гуфтааст
Мулло Ҳайдар (Шарифов), аз рӯҳониёни шинохта дар минтақаи Кӯлоб, гуфтааст, дар ҳоли ҳозир раҳбари арзанда барои Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон -- раисиҷумҳури кунуни кишвар мебошад.
Мулло Ҳайдар дар сӯҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта, ки ҳар кас дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли ҷорӣ ба Эмомалӣ Раҳмон овоз надиҳад, “ҷинояте зидди давлат ва миллат” содир кардааст.
Ба гуфтаи ин рӯҳонӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли бештар аз бист соли ҳукуматдорӣ ба як сиёсатмадори варзида табдил ёфта, ҷаҳон ӯро шинохтаву эътироф кардааст: “Ингуна шахси қобилиятнокро миллати оқил набояд иваз кунад.”
Мулло Ҳайдар мегӯяд, мисли ӯ ҳеч каси дигар Эмомалӣ Раҳмонро намешиносад. Ин дар ҳолест, ки Мулло Ҳайдар рӯзи 4-уми июли соли ҷорӣ дар вохӯрии Эмомалӣ Раҳмон бо рӯҳониёни кишвар пешниҳод намуда буд, тамоми хароҷоти маъракаи интихоботи президентиро ба кӯдакони эҳтиёҷманд садақа карда, замони президентии худро ба таври автоматӣ барои як давраи дигар тамдид кунад. Аммо раисиҷумҳур ин пешниҳодро ба далели мухолифаташ бо Қонуни асосии кишвар напазируфта буд.
Акс аз торнамои "Озодӣ"