Ба зурӣ. Тоҷирони узбакро "маҷбуран" ба пахтачинӣ мебаранд
Дар Узбакистон тоҷирон ва соҳибони марокизи савдоро иҷборан ба ҷамъоварии пахта мебаранд.
Ба навиштаи торнамои “Узметроном”, мақомоти Тошканд ба соҳибони мағозаҳои мошинбозори “Сергелӣ”-и ин шаҳр се рӯз вақт додаанд, то барои ҷамъоварии пахта ба вилояти Ҷизахи Узбакистон бираванд.
Мақомот гуфтаанд, ҳар тоҷире, ки намехоҳад дар ҷамъоварии пахта иштирок кунад, нафареро фиристад ё ба маблағи 19,5 доллари амрикоӣ ҳар рӯз “ҷарима” пардозад, то шахсеро ба ҷои ӯ истихдом кунанд.
Ин торнамо мегӯяд, дар сурати саркашӣ аз иҷрои ин фармон дарҳои мағозаҳо баста хоҳанд шуд. Чун барои он баҳона ҳатман пайдо мешавад.