Муддаиёни аслии Ҷоми Тоҷикистон ба нимфинал наздик омаданд
Имрӯз, 17-уми сентябр, бозиҳои ҷавобии даври чорякниҳоии Ҷоми Тоҷикистон - 2013 оид ба футбол баргузор мегардад.
"Вахш"-и Қӯрғонтеппа (дастаи Лигаи олӣ) ва "Эсхата”-и Хуҷанд (дастаи Лигаи аввал) дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қурғонтеппа ба сабқат мебароянд. Ин бозиро Комил Қурбонов доварӣ мекунад. Дар бозии авал дастаи дастаи “Вахш” дар меҳмонӣ бо ҳисоби 1:2 пирӯз шуда буд.
Се бозии дигари даври 1/4-ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи 18-уми сентябр миёни дастаҳои “Равшан”-и Кӯлоб -- “Парвоз”-и Бобоҷон Ғафуров, “Энергетик”-и Душанбе - “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода ва “Истиқлол”-и Душанбе - “Истаравшан”-и Истаравшан баргузор мешавад.
Бозии дастаҳои “Равшан” ва “Парвоз” дар Варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор мегардад.
Сардовар: Диловаршоҳ Орзуев (Ҳисор). Бозии аввали ин дастаҳо бо ҳисоби 1:2 ба нафъи футболбозони дастаи “Равшан” анҷом ёфта буд.
Дастаҳои “Энергетик” ва “Регар-ТадАЗ” дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ қувва меозмоянд.
Сардовар: Равшан Ишматов (Қӯрғонтеппа). Дар бозии аввал бозигарони дастаи “Регар-ТадАЗ” бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуда буданд.
Тими “Истиқлол” дар варзишгоҳи “Авиатор”-и пойтахт бо дастаи “Истаравшан” рақобат мекунад.
Сардовар: Баҳром Саъдуллоев (Қӯрғонтеппа). Бозии аввал бо ҳисоби 1:2 бо пирӯзии дастаи “Истиқлол” анҷом ёфт буд.