Хет-трики футболбози «Динамо» дар 27 дақиқа
Андрей Воронин, бозигари клуби футболи «Динамо»-и Маскав дар 27 дақиқа ба дарвозаи “Урал”-и Екетеренбург се гол зад.
Ин дидор дар доираи мусобиқаи Русия баргузор шуд ва Воронин нахустин голи худро дар дақиқаи 18-ум вориди дарвозаи ҳариф сохт. То дақиқаи 45-ум ӯ тавонист ду голи дигар бизанад. “Динамо” дар ин бозӣ бо ҳисоби 4:1 дастболо шуд.
“Динамо” баъди ин пирӯзӣ аз ҳашт давр соҳиби 13 имтиёз шуд ва дар ҷои шашуми ҷадвали мусобиқаи Русия оид ба футбол нишаст. Дар садри ҷадвали премер-лига ССКА-и Маскав бо 20 хол нишастааст.