Ёдбуди Муҳаммадҷон Шакурӣ бе ҳузури ҳамсараш
Рӯзи 16-уми сентябр аз даргузашти академик Муҳаммадҷон Шакурӣ, донишманди саршиноси тоҷик, 1 сол сипарӣ шуд. Бахшида ба ёдбуди марҳум, дӯстон ва наздикони Шакурӣ рӯзи сешанбе дар Душанбе маҳфилеро баргузор хоҳанд кард.
Ҳаёт Неъмати Самарқандӣ, шоир ва яке аз донишмандони тоҷик дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, азбаски пайвандони Шакурӣ, бахусус ҳамсараш Дилафрӯз Икромӣ дар Тоҷикистон ҳузур надорад, мо дӯстони марҳум тасмим гирифтем, як маҳфиле барпо намоем.
Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ 17-уми сентябр дар синни 87-солагӣ даргузашт. Муҳаммадҷон Шакурӣ тӯли шаст соли кораш дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёт даҳҳо асару садҳо мақола дар мавриди адабиёти муосир, классикӣ ва забони тоҷикӣ навиштааст. Устод муаллифи 44 китоб ва бештар аз 500 мақола буда ва бештари дастхатҳои ӯ дар Интернет бо забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ ҷой дода шудааст.