Номзадии Саидҷаъфар Исмонов ва эътирози Раҷаби Мирзо
Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) номзадии Саидҷаъфар Исмонов, раиси ин ҳизбро, ба мақоми президентӣ пешбарӣ кардааст. Ин тасмимро вакилони Анҷумани Ҳизби демократ рӯзи 17-уми сентябри соли ҷорӣ дар Душанбе гирифтаанд.
45 вакили Анҷумани ҲДТ аз номзадии оқои Исмонов тарафдорӣ карда, як нафар зидди номзадии ӯ раъй додааст. Се нафар ҳам дар интихоби номзадии Саидҷаъфар Исмонов бетарафиро ихтиёр варзидаанд.
Аз ин пештар, Шӯрои сиёсии Ҳизби демократ номзадии Табаралӣ Зиёевро ба мақоми президентӣ дастгирӣ ва ба барномаи Анҷумани ҳизб пешниҳод карда буд. Аммо оқои Зиёев дар рӯзи Анҷуман номзадии худро пас гирифт ва гуфт, беҳтар аст, Саидҷаъфар Исмонов ҳамчун номзад дар интихоботи шашуми ноябр вориди рақобат шавад. Дар ин Анҷуман ҳамчунин номзадии Равшанҷон Аҳмадов ва Аҳмадшоҳи Комилзода матраҳ ва пешбарӣ шуд. Аммо худи онҳо номзадияшонро пас гирифта, ҳамагӣ аз Исмонов ҳимоят карданд.
Аммо ин тасмим бо мухолифати як гуруҳ аз аъзои Ҳизби демократ рӯбарӯ шуд. Аз ҷумла, Мамлакат Ҷайчиева, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, гуфт, ҳизбаш бояд дар интихобот бидуни номзад иштирок карда, аз номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ пуштибонӣ намояд. Дар ҳамин ҳол, Раҷаби Мирзо, як узви фаъоли Ҳизби демократ, аз шеваи баргузории Анҷумани ҳизбаш норозигӣ кард. Вай гуфт, танҳо шоми 16-уми сентябр дар бораи Анҷумани ҲДТ барои интихоботи президентӣ огоҳ шудааст. “Ҳизби демократ аъзо надорад, ячейка надорад. Дар даруни ҳизб он қадар масъалаҳое ҳаст, ки ҳанӯз ҳалли худро наёфтаанд. Одаме, ки натавонистааст масъалаҳои дохилиҳизбиро ҳал кунад, чигуна метавонад номзад бошад?”
Бо ин ҳама, Саидҷаъфар Исмонов, раҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон, ки номзад ба мақоми президентӣ интихоб шуд ва қарор аст, дар интихоботи шашуми ноябр барои дарёфти курсии раёсати ҷумҳурӣ рақобат кунад.