«Сурӯши Хуросон»-и Эрон дар меҳмонии хуҷандиҳо
Имрӯз, 27-уми июли соли 2011 дар маркази вилояти Суғд намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалӣ зери унвони «Хуҷанд-2011» оғоз мегардад.
Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» ин чорабинӣ дар боғи фарҳангу фароғатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки ширкати «Сурӯши Хуросон»-и ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор мегардад. Дар намоишгоҳ - ярмарка намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, шаҳри Хуҷанд, сафорати ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон ва соҳибкорон иштирок мекунанд. Ҳамчунин дар назар аст, ки меҳмонон аз ҷойҳои таърихии вилоят, аз ҷумла масҷиди Шайх Маслиҳатддин ва бозори «Панҷшанбе»-и маркази вилоят дидан намоянд. Гуфта мешавад, ин маъракаи вижаи фарҳангӣ то поёни моҳи равон идома хоҳад кард.{jathumbnail off}