Дурбинҳо фаъол шаванд, нозирони БДА аз роҳҳо "гум" мешаванд?
Мақомоти Бозрасии Давлатии Автомобилии Тоҷикистон мегӯянд, баробари фаъол шудани камера ва ё дурбинҳои назоратӣ дар кӯчаву хиёбонҳои Душанбе нозирони БДА аз роҳҳо барчида мешаванд.
Саид Ҷӯрахонов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, ки 17-уми сентябр бо хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, кормандони БДА, ки ҳоло дар роҳҳо истода, қоидаҳои ҳаракатро назорат мекунанд, барои кор ба маркази идораи дурбинҳои назоратӣ оварда мешаванд. “Дар марказ мониторҳои бузург гузошта мешавад, ки ҳамаи онҳо ҳаракат дар роҳҳоро намоиш медиҳанд. Худи дурбинҳо ҳар як нақзи қоидаи ҳаракатро се бор акс мегиранд”,-гуфт ӯ.
Муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон дар идома афзуд, солҳои аввали татбиқи лоиҳаи “Шаҳри бехатар” барояшон мушкилу гарон меуфтад. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, як мошин дар Тоҷикистон ба номи чанд нафар сабтином шуда ва гузашта аз ин, аксари сокинон нишонии дақиқи маҳалли зисти худро пешниҳод накардаанд.
Ин дар ҳолест, ки марҳилаи аввали насби камераҳои назоратӣ дар Душанбе аз сӯи ширкати «Хуавей»-и Чин ба анҷом расида, дар охири моҳи сентябр фаъол хоҳанд шуд. Мақомот мегӯянд, ин тарҳ барои беҳдошти ташкили ҳаракат дар роҳ, таъмини назорати доимӣ аз рӯи ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе ва мубориза бо ришвагирӣ мусоидат хоҳад кард.
Ин тарҳ бо харҷи 22 миллион доллар, ки қисмати зиёдаш қарзи имтиёзноки Чин тавассути Созмони ҳамкории Шанхай мебошад, дар зарфи 7 моҳ амалӣ гардида, 5 сол мӯҳлати кафолат дорад. Дар доираи ҳамин лоиҳа аз ҷониби ширкати «Ҳуавей» мутахассисони тоҷик барои кор бо ин таҷҳизоти муосири электронӣ омӯзонда мешаванд. Хадамоти матбуоти раисиҷумҳур гуфта буд, ки истифодаи босамари ин технология дар роҳҳои шаҳри Душанбе имкон медиҳад, ки хароҷоти лоиҳа дар зарфи 6 сол барзиёд баргардонда шавад.