Эмомалӣ Раҳмон дар Хуҷанд ҳамаи роҳҳоро баст? (АКС)
Мақомоти шаҳри Хуҷанд субҳи 17- уми сентябри соли ҷорӣ як қисми роҳҳои маркази вилояти Суғдро, ки аз он Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, мегузарад, бастанд.
Бояд гуфт, ба беморхонаи касалиҳои дил ва беморхонаи физотерепевтӣ, ки “Боғчаи президентӣ” дар ҳамсоягии онҳо қомат афрохтаасту бояд марвиди истифода қарор гирад, тариқи нақлиёт рафтан мамнуъст.
Интизор меравад, то нисфирӯзи 17-уми сентябр ин роҳҳо баста боқӣ бимонанд. Хабарнигори “Озодагон” дар Хуҷанд аз роҳҳои баста чанд аксеро бардоштааст, ки дар ихтиёри Шумо мегузорем.