ВИДЕО: Тӯраҷонзода, Раҳмонӣ ва Қосимов номзадияшонро пас гирифтанд. ҲНИТ Бобоназароваро интихоб кард
Вакилони Анҷумани даҳуми Ҳизби наҳзати исломӣ аз Ойниҳол Бобоназарова, номзади ягонаи нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон, расман пуштибонӣ карданд.
Ҳарчанд дар ин Анҷуман аз тарафи вакилон номзадии Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, Маҳмудҷон Қосимов ва Зарафо Раҳмонӣ ҳам пешбарӣ шуд, вале худи онҳо номзадияшонро пас гирифта, аз Бобоназарова пуштибонӣ намуданд.
Оқои Тӯраҷонзода зимни суханронии худ гуфт, “онҳое, ки мегӯянд зан набояд раҳбари давлат бошад, ин ба замоне рост меояд, ки агар он кишварро халифа идора кунад, ба монанди солҳои асри миёна. Танҳо он замоне ки тамоми вазифа дар дасти як нафар ҳаст, наметавонад.”
Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), гуфт, онҳо бо номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ вориди корзори интихоботӣ мешаванд. Ҳарчанд ба қавли оқои Кабирӣ, “гирифтани ин тасмим осон набуд”.
“Осон набуд, ки як ҳизби исломӣ аз номзадии зан пуштибонӣ кунад. Ман ёд надорам, ки дар куҷое чунин таҷриба буд, ё на. Мо ин тасмимро огоҳона гирифтаем ва медонем, ки чӣ кор мекунем”,-таъкид дошт ӯ.
Муҳиддин Кабирӣ, ки рӯзи 17-уми сентябр дар Анҷумани даҳуми ҲНИТ сӯҳбат мекард, гуфт, Ойниҳол Бобоназарова яке аз бозёфтҳои Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, муассис ва раҳбари фақиди Ҳизби наҳзати исломист. Ӯ гуфт, “ҳанӯз солҳои қабл, вақте мансаб тақсим мешуд, даъват карда ва гуфтанд, ки муовини додситони кулл бошанд.” “Муаллима рад кардаву гуфтанд, ки ман то имрӯз ҳуқуқшинос ва адвокат будам, яъне мардумро сафед кардам. Ман наметавонам ин вазифаро қабул кунам, чун сиёҳ карда наметавонам. Дар ҳамон вақти 30-дарсада мансаб нагирифтем. Мо намехоҳем, як гурӯҳ соҳиби Ватан бошанду кору фаъолият ва ё тиҷоратро ба роҳ монанд, дигарон барои ин кор на аз қонун, балки аз инҳо иҷозат бигиранд. Ҳар касе мегӯяд, ки наҳзат мансаб мехоҳад, ин иштибоҳ аст”,-афзуд Кабирӣ.
Анҷумани даҳуми ҲНИТ, ҳизби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон, субҳи 17-уми сентябр оғоз ёфт ва аксари вакилон аз номзадии Ойниҳол Бобоназарова ба унвони номзади ягонаи Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон ҳимоят карданд. Ба қавли Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, ба ин Анҷуман беш аз 500 вакил ва ҳамчунин 300 меҳмон аз ҳисоби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳзоб, мақомот ва корпусҳои дипломатӣ даъват шуда буданд.