5 голи бе ҷавоби наврасони тоҷик ба дарвозаи қувайтиҳо
Футболбозони навраси тоҷик дар доираи омодагиҳо ба мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон бо футболбозони то 15-солаи Қувайт ба сабқат баромада, бо ҳисоби 0:5 пирӯз шуданд. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё миёни наврасон ба гуруҳи ”А” шомил аст ва як ҳафта қабл аз оғози мусобиқот ба макони баргузории бозиҳо, ба Қувайт, сафар кардааст.
Голҳоро Муҳаммадҷони Ҳасан, 21 (0:1); Собирҷон Гуляков, 29 (0:2); Ҳокимҷон Ҳасанов, 43 (0:3); Рустам Толибов, 48 (0:4) ва Ҳиматулло Муллодӯстов, 77 (0:5) ба ҳадаф расониданд.
Мунтахаби наврасони Тоҷикистон то оғози мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни наврасон дар Қувайт омодагӣ мебинанд. Сармураббии мунтахаби наврасони Тоҷикистон Чикаши Сузукӣ, мутахассиси ҷопонӣ ба ҳайати асосии даста 23 бозигар- 3 дарвозабон 6 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Аз рӯи тақвими бозиҳои мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16) мунтахаби наврасони то 16 солаи тоҷик, рӯзи 21-уми сентябри соли равон бо якачини наврасони Ҳиндустон қувваозмоӣ намуда, рӯзҳои 23-юм, 27-ум ва 29-уми сентябр бо дастаҳои наврасони Бутан, Қувайт (мизбон) ва Лубнон ба сабқат мебарояд.
Ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Наврасони Тоҷикистон (U-16) дар ҳайати зер ба сабқат баромада буданд:
Бехрӯз Ҳайриев (Шаҳром Исмоилов, 24, Фирӯз Бекмуродов, 60), Сироҷиддин Гулмуродов (Илҳомҷон Бердиалиев, 46), Абубакр Азимов (Фирӯз Ризомов, 41), Алишер Сафаров (Табрези Давлатмир, 32), Суҳроб Мирзоев (Сомон Мавлонов, 46), Худойдод Узоқов (Ҳокимҷон Ҳасанов, 29), Муҳаммаҷони Ҳасан (Ҷамшед Максумов, 35), Суҳроб Муминов (Эҳсони Панҷшанбе, 41), Муҳаммаҷон Шарипов (Кароматулло Саидов, 24), Собирҷон Гуляков (Ҳиматулло Муллодустов, 30), Рустам Толибов (Саиҷон Шарипов, 48).