Зоиров: “Агар Бобоназарова розӣ бошад, шахси боэътимоди ӯ мешавам”
Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон (ҲСДТ), гуфт, агар Ойниҳол Бобоназарова -- номзади ягона аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ розӣ бошад, шахси боварнок ва ё боэътимоди ӯ хоҳад шуд. Оқои Зоиров ин ҳарфҳоро рӯзи 16-уми сентябр дар гуфтугӯи онлайн бо корбарони Фейсбук баён доштааст.
Ӯ гуфтааст, “оид ба шахси боэътимод шудан ҳаминро таъкид мекунам, ки ин идея сараввал аз ҷониби ман пешниҳод шуда буд. Мехостам, ҳамчун номзади ягона пешниҳод шавам ва ба дигарон пешниҳод доштам, ки шахси боэътимоди ман шаванд. Аммо, имрӯз ҳамчун номзади ягона Ойниҳол Бобоназарова пешниҳод шудааст. Яъне, ман бояд баробарии ҳамагонро дар ИНИТ ба ҷо оварам. Вақте худам талаб доштам, ки агар ман номзад шавам дигарон розигӣ диҳанд, ки шахси боэътимоди ман бошанд. Акнун, ман бояд талаботи худамро иҷро кунам, розӣ шудам ва таъкид кардам, ки шахси боэътимод мешавам, яъне аз ҳарфҳои гуфта ва пешниҳодам рӯ намегардонам. Агар Ойниҳол Бобоназарова розиву қабул дошта бошад, ман шахси боэътимод мешавам.”
Оқои Зоиров дар идома гуфта, ки барои манофеи умумӣ омодааст ҷоннисорӣ кунад. “Имрӯз мо номзади ягона аз ИНИТ-ро пешниҳод кардем, яъне дорем. Ҳар вақт мавқеи дуруст гирифтан муҳим мебошад. Ман баёния додам, ки ин номзадро дастгирӣ менамоям”,-илова кардааст ӯ.
Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон рӯзи даҳуми сентябр Ойниҳол Бобоназароваро ба ҳайси номзади ягона пешниҳод ва қабул кард. Дар лаҳзаҳаои аввали қабули ин тасмим Раҳматилло Зоиров ба расонаҳо гуфт, ӯ ҳам яке аз номзадҳо буд, вале Ҳизби наҳзати исломӣ номзадии ӯро нодида гирифта, аз Бобоназарова ҳимоят кардааст. Ин ҳарфҳои оқои Зоиров бо вокунишҳои мухталиф рӯбарӯ шуд ва худи ӯ баъд аз муддате гуфт, барои пора нашудани Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳ аз тасмими аъзои он ҷонибдорӣ мекунад ва аз тарафдоронаш ҳам хост, дар интихоботи президентии шашуми ноябр аз Бобоназарова ҳимоят намоянд.