Боздошти “террорист”-ҳои Сурия дар Қирғизистон
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон як гуруҳи марбут ба “Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ”-ро дар вилояти Оши ин кишвар дастгир кардааст.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ин гуруҳ аз Сурия барои тамрин ва омӯзиши иқдомҳои ҷангӣ ба Қирғизистон сафарбар шудааст. Дар ҳайати ин гуруҳ ду шаҳрванди Қирғизистон ва як табааи Қазоқистон шомил мебошанд, ки дар нооромиҳои Сурия алайҳи ҳукумати Димишқ ҷангидаанд.
Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон мегӯяд, аъзои Иттиҳоди ҷиҳоди исломӣ дар пайи як амалияти вижа алайҳи иқдомҳои террористӣ дар арафаи иҷлоси сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай ошкор ва боздошт шудаанд.
Маврид ба зикр аст, ки иҷлоси ахири сарони Созмони ҳамкориҳои Шанхай рӯзи 12 ва 13-уми сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Бишкек баргузор шуда буд.