Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тайи се моҳи охир бори дувум аст, ки ба вилояти Суғд сафари корӣ анҷом медиҳад. Зоҳиран ба ҷуз аз ифтитоҳи чанд бинои мактабу бемористон ва хобгоҳи омӯзгорон баҳонаи “хуб”-е барои боздиди раисиҷумҳур аз навоҳии шимоли Тоҷикистон набудааст. Хабарнигори “Озодагон” аз се сокини вилоят пурсид, ки ба назари онҳо ин сафари оқои Раҳмон воқеан як сафари корист, ё таблиғоти қабл аз интихоботи президентӣ?
Неъматулло МИРСАИДОВ, таҳлилгар:
“Ба мо маълум аст, ки президент одатан давоми ҳар як сафари худ дар маросими ифтитоҳи иншооти нав иштирок мекунад ва ҳадаф нишон додани сиёсати иҷтимоии Тоҷикистон. Ин як тарафи масъала. Ҷониби дигари масъала дар вақти суханрониҳои худ дар баъзе ноҳияҳо президент махсус ба тарбияи ватанпарастии шаҳрвандони Тоҷикистон таъкид мекунад, ки гумон дорам, ин тарғиби ғояҳои ватанпарастӣ мебошад. Ҳарчанд дар вақти суханрониҳо ягон бор дар бораи интихоботи дар пеш истода сухан нарафтааст, вале сафари худро бе восита Эмомалӣ Раҳмон метавонад, барои тарғиби амалҳои ҳукумати Тоҷикистон, ки бо сарварии вай фаъолият мебарад, истифода барад.”
Наимҷон САМИЕВ, раҳбари бахши ҲНИТ дар Суғд:
“Мо қаблан низ инро таблиғот ҳисоб мекардем, онҳо хеле барвақт сар карда буданд. Дар ҷумҳуриҳои ҳамсоя, аз ҷумла Қирғизистон, ҳамин хел чизҳо умуман дида намешавад. Ҳатто иншооти беҳтарин, болотарин, волотарин барои беҳбудии зиндагонии халқ кушода мешавад, ҳамон вазорати дахлдор ташриф меорад. Масалан, боғчаи бачагона, мактабҳо, ки ба вазорати маориф рабт дорад, бигзор вазири маориф раваду ифтитоҳ кунад. Чаро ба ин ҷо роҳбари давлат меравад? Ин таблиғи махсуси пешазинтихоботист, на чизи дигар.”
Як донишҷӯ, ки аз баёни номаш худдорӣ кард:
“Ман ҳамчун донишҷӯ мегӯям, ки сафари сарвари давлат бе восита ба интихоботи моҳи ноябр рабт дорад. Агар чунин нест, пас, чаро солҳои пеш дар як сол ҳамагӣ 2 ё 3 бор ташриф меоварданду аммо соли ҷорӣ дар се моҳ ду бор?”