Футболбозони навраси тоҷик дар Қувайт қувваозмоӣ мекунанд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16), ки дар Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни наврасон ба гуруҳи ”А” шомил шудааст, як ҳафта қабл аз оғози мусобиқот ба макони баргузории бозиҳо, ба Қувайт, сафар кардааст.
Сармураббии Мунтахаби наврасони Тоҷикистон, Чикаши Сузукӣ, мутахассиси ҷопонӣ ба ҳайати асосии даста 23 бозигар- 3 дарвозабон 6 ҳимоятгар, 10 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват кардааст.
Аз рӯи тақвими бозиҳои Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16) мунтахаби наврасони то 16 солаи тоҷик, рӯзи 21-уми сентябри соли равон бо якачини наврасони Ҳиндустон қувваозмоӣ намуда, рӯзҳои 23-юм, 27-ум ва 29-уми сентябр бо дастаҳои наврасони Бутан, Қувайт (мизбон) ва Лубнон ба сабқат мебарояд.
Ғолибони 10 гуруҳ ва 5 дастаи беҳтарини ҷойҳои дувум ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни наврасон (U-16), ки соли оянда дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) дар Мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё байни наврасон
Дарвозабонҳо: Бехрӯз Хайриев (“Нури Норак”), Шаҳром Исмоилов (“Вахш”), Фирӯз Бекмуродов (РШВСМ);
Ҳимоятгар: Алишер Сафаров (“Истиқлол”), Сироҷиддин Гулмуродов (“Нури Норак”), Абубакр Азимов (“Равшан”), Фирӯз Ризомов (“Вахш”), Табрези Давлатмир, Суҳроб Мирзоев (ҳарду – РШВСМ);
Нимҳимоятгар: Эхсони Панҷшанбе, Ҳокимҷон Хасанов, Ҷамшед Махсумов (ҳама – РШВСМ), Суҳроб Муминов (“Энергетик”), Кароматулло Саидов, Худойдод Узоқов (ҳарду – “Вахш”), Муҳаммаҷони Ҳасан (“Равшан”), Сомон Мавлонов (“Саройкамар”), Саиҷон Шарипов (“Эсхата”), Илҳомҷон Бердиалиев (“Регар-ТадАЗ”);
Ҳамлагарон: Собирҷон Гуляков, Муҳаммадҷон Шарипов (РШВСМ), Рустам Толибов (ССКА “Памир”), Ҳиматулло Муллодустов (“Саройкамар”).