Маҳкамов нагузошт, футболбозони “Хайр” пирӯз шаванд
Бозиҳои даври 13-уми мусобиқаи Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ ба анҷом расид.
Тими “Хуҷанд”-и Хуҷанд дар варзишгоҳи “Спартак” бо дастаи “Хайр”-и Ваҳдат вориди рақобат шуда бозиро бидуни гол анҷом доданд. Ин бозӣ рӯзи 15-уми сентябр дар варзишгоҳи “Спартак”-и шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Дар дақиқаи охирини вақти иловагӣ (90+3) ба бозигарони дастаи “Хайр” имконияти беҳтарини голзанӣ пайдо шуд, аммо Ҷамшед Исмоилов, бозигари ин даста аз ин имконият дуруст истифода карда натавонист. Ӯ тӯбро аз ҷаримагоҳ (Пеналтӣ) ба дарвозаи ҳариф ҳаво дод, вале дарвозабони дастаи “Хуҷанд”-Абдуазиз Маҳкамов маҳорати хуб нишон дода, тӯби задаи ӯро гардонд.
Се бозии дигари ин давр рӯзи 14-уми сентябр баргузор шуд. Тими «Истиқлол»-и Душанбе дар меҳмонӣ дастаи «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ҳисобро дар дақиқаи 8-ум Толиб Султонов, ҳамлагари “Истиқлол” боз кард, аммо мизбонҳо дар дақиқаи 29-ум ҳисобро баробар карданд. Қисмати аввали бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Аммо дар қисмати дуюми бозӣ Ҳусейни Суҳробӣ, легионери эронии “Истиқлол” дар дақиқаҳои 65-ум ва 89-ум ду тӯбро вориди дарвозаи “Истаравшан” кард.
Клуби “Энергетик”-и Душанбе ба дарвозаи тими ССКА “Помир” як голи беҷавоб зад. Муаллифи ин туб легионери ганаӣ Феликс Бафое буд.
Дар бозии дигар “Парвоз”-и Бобоҷон Ғаффуров ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозиро 1:1 мусовӣ карданд. Голи дастаи “Регар”-ро дар дақиқаи 77-ум Далер Шомуродов зад. Дар дақиқаи 90-ум Гулзор Бутабеков ҳисобро баробар кард.
Феълан дар ҷадвали мусобиқот дастаи “Равшан”-и Кӯлоб бо 30 имтиёз дар садри аввал нишастааст. Дастаи “Равшан” дар мусобиқоти қаҳрамонии имсола ягон бохт надорад. Дастаи “Истиқлол”-и Душанбе, ки дар ду бозӣ аз тими “Равшан” шикаст хӯрда буд, бо 27 имтиёз дар ҷойи дуюм аст. Ҷойи сеюмро бошад, дастаи “Хайр”-и Ваҳдат бо 21 имтиёз ба худ касб кардааст.
Нишонзанҳои беҳтарин: Ҳусейни Сӯҳробӣ (“Хайр”/ ”Истиқлол”) – 9 тӯб, Дилшод Восиев (“Истиқлол”) – 6 тӯб, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”) – 5 тӯб.