Чаро Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Мулло Абдураҳим чизе нагуфт?
Каюмарси АТО
Интизор доштам, Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҷараёни сафараш ба ноҳияи Ашти вилояти Суғд аз корҳои Мулло Абдураҳим ёдоварӣ мекунад.
Албатта, на Мулло Абдураҳиме, ки чоруми июли соли ҷорӣ дар пеши ӯ алайҳи Ҳизби Наҳзати Исломӣ сухан гуфт, балки Мулло Абдураҳиме, ки дар ҷамоати Понғози ноҳияи Ашт масҷиди бузургтаринро сохтаву тақрибан сохтмони як беморхонаро ҳам ба анҷом расондааст. Вай ният дорад, инчунин як мактабро ҳам сохта, дар ихтиёри Идораи маориф гузорад.
Вале оқои Раҳмон дар ин бора ҳарфе нагуфт. Сухан гуфтани раисиҷумҳур дар бораи Мулло Абдураҳим барои ӯ ва мо муҳим нест. Зеро вай кореро, ки мекунад, дар роҳи ризои Ҳақ мекунад ва агар президент ва ё мақомдорон нагуфтанд, ҳатман халқ рӯзе хоҳад гуфт.
Аммо ёдоварӣ аз корҳои неки ӯ метавонист як зарра ҳам бошад, дидгоҳи гуруҳеро, ки ҳоло барои шуморидани “корҳои бад”-и рӯҳониён камар бастаанд, дигар кунад, тағйир диҳад. Аммо нагуфт. Шояд ҳам нахост ва шояд ҳам дар ин бора чизе намедонист.
Охир, ҳар боре ки ӯ ба Ашт меравад, аз маркази он ба қафо бармегардад ва намедонад, ки мардуми аз марказ болотар ва ё поёнтари он дар чи ҳоланду чӣ мехоҳанд. Агар каме болотар сафар мекард, ҳатман медид, ки Мулло Абдураҳим бо гуруҳи бузурги сокинон ба кӯчаҳо баромада, роҳҳои харобгаштаи деҳаҳои ҷамоати Понғози Аштро таъмиру бозсозӣ кардаанду мекунанд. Роҳҳое, ки солҳо боз ба тармим ниёз доштанд, вале мақомот ё онҳоро намедид ва ё барои азнавсозии он зӯраш намерасид.
Шояд бисёриҳо бигӯянд, ки Мулло Абдурҳаим ин қадар пулро аз куҷо ёфтааст. Вай молдору сарватманде нест, дӯстон. Вале ӯ тавонист аз мардум барои тармими роҳ пул ҷамъоварӣ кунад ва бо нерӯи ҳамон мардум роҳро мумфарш созад. Магар ҳукумат ин ҳамаро наметавонист? Ё мардум ба ҳукумат бовар кардаву пулро намедиҳанд?
Ин чанд ҷумларо барои таърифи Мулло Абдураҳим нанавиштам. Фақат хостам, мақомот ба мардум бигӯянд, ки рӯҳониёни мо ободкорӣ ҳам мекунанд. Онҳо низ мактабу беморхона месозанд ва ё ҳадди ақал барои мактабҳо мизу курсӣ ва барои бемористонҳо мошинаҳои ёрии таъҷилӣ харида медиҳанд. Яъне, ҳамаашон ҷодугару фиребгар нестанд.