Президент хостори фаъолияти беҳтари “Имон Интернешнл” шуд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар шаҳраки Нов, дар маросими ифтитоҳи намояндагии созмони хурди қарздиҳии “Имон Интернешнл” иштирок карда, хостааст, хизматрасонӣ ба мизоҷон ва ҳавасманд кардани мардум ба нигоҳ доштани пасандозҳояшон дар бонкҳои саҳҳомӣ ва созмонҳои хурди қарздиҳӣ густариш ёбад.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни шиносоии Эмомалӣ Раҳмон бо кори созмони хурди қарздиҳии Имон Интернешнл, аз ҷумла иттилоъ дода шуд, ки ин муассисаи ғайридавлатӣ аз ҷониби Ассотсиатсияи занони соҳибкори ҷумҳурӣ таъсис ёфта, ҳоло дар тамоми қаламрави кишвар 108 намояндагии он боз гардидааст: “Дар онҳо 1400 нафар соҳиби кори доимӣ шудаанд. Маоши кормандони ин муассисаи хурди қарздиҳӣ аз 800 то 4 ҳазор сомониро ташки медиҳад.”
Ба иттилои манбаъ сандуқи умумии қарзии Имон Интернешнл дорои 424 миллион сомонӣ маблағ буда, беш аз 69 ҳазор қарзгиранда дорад. Тавре иттилоъ доданд, беш аз 40% мизоҷони ин муассиса занону духтарони соҳибкор мебошанд.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, танҳо дар намояндагиҳои ин муассиса дар ноҳияи Спитамен беш аз 100 нафар бо кор таъмин гардидааст. Бо вуҷуд Эмомалӣ Раҳмон аз роҳбарият ва кормандони ин муассисаи хурди қарздиҳӣ хостааст, фаъолияти худро боз ҳам беҳтару васеътар кунанд.