Қарори Абдулқодирзода -- сабаби радди даъвои Тӯраҷонзода
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, мегӯяд, ахиран қарори додгоҳи Хуҷандро дар мавриди радди даъвои нафари таҳти ҳимояташ алайҳи се рӯҳонии Суғд дастрас кард ва ният дорад, аз болои он шикоят бубарад.
Зеро ба қавли Воҳидова, додгоҳ суханони Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозодаро, ки яке аз ҷавобгарон дар ин қазия буд, асоси радкунии даъвои зерҳимояаш донистааст. Дар қарори додгоҳ гуфта шудааст, ки “аз суханони Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода додгоҳ муайян кард, соли гузашта раиси Шурои уламои кишвар Сайидмукаррам Абдулқодирзода қарор қабул намудааст, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ҷашн гирифтани Ошӯро манъ аст, зеро онро шиаҳо ҷашн мегиранд".
Файзниннисо Воҳидова мегӯяд, аз қарори додгоҳ бармеояд, ки онҳо қарори раиси Шӯрои уламоро надида ва аз мавҷудияти он аз забони Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода хабар ёфтаанд. Инчунин, ба гуфтаи Воҳидова, дар ҳалномаи додгоҳ омадааст, ки “Тӯраҷонзодаҳо Ошӯроро бо тақлид аз шиаҳои эронӣ ҷашн гирифтанд ва Эшони Нуриддинҷон бошад, ба саҳобаҳои Паёмбар лаънат гуфтааст”. Воҳидова бо радди ин гуфтаҳо, таъкид кард, ки аз болои ин қарор шикояти кассатсионӣ хоҳад бурд.
Ёдрас мекунем, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршиносои тоҷик, як сол пеш ба додгоҳи Хуҷанд аз болои Ҳоҷӣ Ҳусейн Мӯсозода -- раиси Шӯрои уламои Суғд, Ҳоҷӣ Насрулло -- имомхатиби масҷиди Исфара ва Ҳоҷӣ Мақсудҷон -- имомхатиби масҷиди Конибодом ба додгоҳи Хуҷанд шикоят бурда гуфта буд, онҳо моҳи феврал дар барномаи “Сӯҳбати озод”-и телевизиони давлатии Суғд ба ӯву хонаводааш туҳмат задаанд. Ба гуфтаи ӯ, се рӯҳонӣ дар ин барнома, ки дақиқан дар шабу рӯзи баҳси “Ошӯро” пахш гардида буд, Тӯраҷонзодаҳоро сабабгори ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон хонда, онҳоро ба пуштибонӣ аз манофеи бегонагон низ муттаҳам кардаанд.
Додгоҳи шаҳри Хуҷанд рӯзи 31-уми июл даъвои Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонӣ ва сиёсатмадори шинохтаи тоҷикро, алайҳи се уламои Суғд рад кард. Қозии парванда гуфт, баррасии онҳо маълум карда, ки даъвои Тӯраҷонзода дар бораи паст задани шаъну эътибораш аз сӯи се рӯҳонии суғдӣ асос надорад.