Флойд Мэйуэзер унвони қаҳрамонияшро ҳифз кард
Флойд Мэйуэзер, муштзани амрикоӣ Саул Алвареси мексикоиро мағлуб кард.
Ин дидор, ки дар Лас-Вегас сурат гирифт, 12 раунд идома карда ва Мэйуэзер бо имтиёзи зиёд дастболо шуд. Флойд унвони «суперқаҳрамон»-и WBA дар вазни то 69,9 килоро ҳифз карда, ҳамчунин ба дарёфти унвони чемпиони ҷаҳон аз рӯи версияи WBC даст ёфт.
Барои ин рақобат муштзани 36-солаи амрикоӣ 41,5 миллион доллар ҳақмузд гирифт, ки дар таърихи бокс бесобиқа аст. Ҳақмузди Алвареси 25 сола панҷ миллион доллар будааст.
Мэйуэзер дар ринги касбӣ 45 дидор анҷом дода, дар ҳамаи онҳо дастболо шудааст.