«Истиқлол» рақибашро шикаст дод, “Регар” мусовӣ кард
Имрӯз, 15-уми сентябр дар доираи даври 13-уми мусобиқаи Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ тими «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар варзишгоҳи «Спартак» бо дастаи «Хайр»-и Ваҳдат вориди рақобат мешавад.
Се бозии дигари ин давр рӯзи гузашта, 14-уми сентябр баргузор шуд. Тими «Истиклол»-и Душанбе дар меҳмонӣ дастаи «Истаравшан»-и Истаравшанро бо ҳисоби 3:1 мағлуб кард. Ҳисобро дар дақиқаи 8-ум Толиб Султонов, ҳамлагари “Истиқлол” боз кард, аммо мизбонҳо дар дақиқаи 29-ум ҳисобро баробар карданд. Қисмати аввали бозӣ мусовӣ – 1:1 анҷом ёфт. Аммо дар қисмати дуюми бозӣ Ҳусейни Суҳробӣ, легионери эронии “Истиқлол” дар дақиқаҳои 65-ум ва 89-ум ду тубро вориди дарвозаи “Истаравшан” кард.
Клуби «Энергетик»-и Душанбе ба дарвозаи тими ССКА «Помир» як голи беҷавоб зад. Муаллифи ин туб легионери ганаӣ Феликс Бафое буд.
Дар бозии дигар “Парвоз”-и Бобоҷон Ғаффуров ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода бозиро 1:1 мусовӣ карданд. Голи дастаи “Регар”-ро дар дақиқаи 77-ум Далер Шомуродов зад. Дар дақиқаи 90-ум Гулзор Бутабеков ҳисобро баробар кард.