Қумрӣ Ҳафизова: Бори охир бо Қувватов рӯзи 12-ум суҳбат доштам
Николай Николаев, вакили мудофеи Умаралӣ Қувватов, раҳбари боздоштшудаи “Гуруҳи 24”, мегӯяд, дер боз аз вазъу ҳоли нафари таҳти ҳимояташ иттилое надорад.
Николаев дар сӯҳбат ба “Озодагон” дар ҳоле аз вазъи Умаралӣ Қувватов изҳори беиттилоӣ кард, ки тибқи хабарҳо ӯ аз рӯзи сешанбе (10—уми сентябр) боз дар Душанбе қарор дорад. Бино ба иттилои як манбаъ, баъд аз зуҳри 10-уми сентябр Умаралӣ Кувватов аз Дубай ба Тоҷикистон оварда шуда, дар боздоштгоҳи мувақаттии Кумитаи амнияти миллӣ нигаҳдорӣ мешавад. Аммо дар суҳбат ба “Озодагон” масъулони як мақомоти қудратӣ хабари истирдод шудан ё нашудани Қувватовро на рад ва на тасдиқ накарда, гуфтанд, аз ин хабар огоҳӣ надорад.
Ин ҳам дар ҳолест, ки ба гуфтаи Қумрӣ Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, бори охир ӯ рӯзи 12-уми сентябр бо шавҳараш суҳбати телефонӣ дошт. "Он вақт шавҳарам гуфт, ки дар Дубай ҳастам, аммо аз дасти мақомоти Тоҷикистон ҳар кор меояд. Шояд баъди 12-ум ӯро ба Тоҷикистон бурда бошанд. Ман хабар надорам",-гуфт Ҳафизова дар суҳбат ба "Озодагон".
Қаблан, дар мавриди содир шудани ҳукми додгоҳ барои истирдоди Умаралӣ Қувватов аз Дубай ба Душанбе сару садоҳо баланд шуда буд. Баъзеҳо ҳадс мезаданд, ки ӯ алакай ба Тоҷикистон интиқол ёфтааст. Аммо 25-уми август Умаралӣ Қувватов бо пахши як баёнияи савтӣ гуфт, дар Дубай қарор дорад. Ҳамсари ӯ - Қумрӣ Ҳафизова эълон дошт, дар сурати ғайриқонунӣ истирдод шудани шавҳараш ба Душанбе худкушӣ хоҳад кард.
Умаралӣ Қувватов тобистони соли гузашта дар Маскав эълон дошт, ки “Гурӯҳи 24”-ро таъсис додааст. Вай аз Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, то дар интихоботи президентӣ номзадиашро нагузорад. Қувватов, шарики собиқи тиҷории яке аз домодҳои раисиҷумҳури Тоҷикистон арзёбӣ мешавад, ки то фирораш ба Маскав дар як соли пеш раҳбарии ширкатҳои “Тоҷирон” ва “Фароз”- аз ширкатҳои асосӣ дар бозори фурӯши сӯзишвории Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.
Баъд аз таъсиси “Гурӯҳи 24” Қувватовро шарикони собиқаш ба сирқати 6 миллион сомонӣ аз ширкати “Фароз” айбдор карданд. Моҳи декабри соли 2012 ӯ бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар шаҳри Дубайи Имороти Муттаҳидаи Араб боздошт шуд. Додгоҳи Дубай дар моҳи апрел ҳукми бозпас фиристодани ӯ ба Душанберо содир кард. Вале Умаралӣ Қувватов аз ин ҳукм ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят бурдааст. Дар мавриди қарори додгоҳи таҷдиди назар, ки 18-уми август дар назар буд, айни ҳол иттилои зидду нақиз дода мешаванд, аммо худи Қувватов онро рад мекунад.