Ба муштзани мексикоӣ пешниҳод кардаанд бо автомати Калашников ринг барояд
Эдриен Бронер, қаҳрамони ҷаҳон оид ба бокс дар вазни то 66,7 кило аз рӯи версияи WBA (Ассосиатсияи ҷаҳонии бокс) гуфтааст, ки муштзани мексикоӣ Саул Алварес рақиби амрикоияш Флойд Мейуэзерро танҳо дар сурате метавонад мағлуб кунад, ки агар бо автомати пуртири Калашников ба ринг барояд. Дар ин бора Boxingscene иттилоъ додааст.
Ба қавли Бронер барои пирӯзӣ бар Мейуэзер боксчии мексикоӣ шонси дигаре надорад. Эдриен ҳамчунин пешгӯӣ кардааст, ки қаҳрамони ҷаҳон дар вазни то 63,5 кило Дэнни Гарсия бар Лукас Матиссе дастболо мешавад. Ин дидор дар чорчуби шоуе баргузор мешавад, ки дар он Мейуэзер ва Алварес рақобат мекунанд.
Дидори Мейуэзер ва Алварес 14-уми сентябр дар Лас-Вегас баргузор мешавад. Ҳақмузди Мейуэзер барои ин рақобат 41,5 миллион доллар аст, ки дар таърихи бокс бесобиқа мебошад. Ин ду муштзан барои унвони «Абарҷом»-и WBA дар вазни то 69,9 кило, ки мутаалиқ ба Мейуэзер аст ва унвони қаҳрамонӣ аз рӯи версияи WBC (Шӯрои ҷаҳонии бокс), ки дар дасти Алварес аст, мубориза хоҳанд кард.